Аз 1 ноябри соли 2022 ба аризаи авруосиёӣ барои додани патент 3D- моделҳои объектҳои арзшуда ворид карда мешаванд. Навоварӣ ҳам ба ихтироот ва ҳам ба намунаҳои саноатӣ дахл дорад.

Қарор дар бораи аз ҷониби Идораи патентии Авруосиё (ИПАО) оғоз намудани қабули моделҳои сеченакаи объектҳои арзшуда ҳангоми пешниҳоди дархостҳо барои додани патенти авруосиёӣ ба ихтироот ё намунаҳои саноатӣ дар ҷаласаи 41-уми Шӯрои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё (ТПАО) моҳи сентябри соли ҷорӣ якдилона қабул карда шуд.

Ин иқдом бо назардошти таҷрибаи Роспатент (Идораи патентии Федератсияи Россия), ки қаблан чунин ташаббусро бомуваффақият амалӣ карда буд ва омодагии Роспатент барои кори фаъолонаи муштарак оид ба ислоҳи техникии низомҳои иттилоотии дохилии ИПАО қабул шудааст.

Навоварии мазкур раванди экспертизаи дархостҳои пешниҳодшударо, бахусус ба намунаҳои саноатӣ, хеле соддатар мекунад, баррасии дархостҳоро хубтар мекунад, хусусиятҳои объекти арзшударо муфассалтар ошкор ва нишон медиҳад. Барои маслиҳат оид ба тарзи пешниҳоди ариза бо 3D-моделҳо  ва талаботи техникӣ барои маводи иловагӣ, лутфан занг занед +7 495 411-6161 ё почтаи электронӣ info@eapo.org.

Ҳуҷҷатҳое, ки раванди дархостро бо истифодаи 3D-моделҳо танзим мекунанд, дар бахши “Документы” бо онҳо шинос шудан мумкин аст. Нашриёти навшудаи қисми I «Изобретения» ва қисми II «Промышленные образцы»-и Дастурамали патентӣ, Қоидаҳои таҳия, пешниҳод ва баррасии дархостҳо барои додани патентҳои авруосиёӣ ба ихтироот, Қоидаҳои таҳия ва пешниҳоди ариза барои додани патенти авруосиёӣ ба намунаи саноатӣ аллакай нашр шудааст.

Ин навоварӣ раванди пешниҳоди аризаи авруосиёӣ ва гирифтани патенти авруосиёиро барои аризадиҳандагон хеле содда мекунад. Онҳо барои намоиш додани объектҳои арзшуда имкониятҳои бештар пайдо мекунанд ва инчунин раванди экспертиза ва омода намудани қарорро барои коршиносони ИПАО осон мекунад. Ин махсусан нисбати намунаҳои саноатӣ, тарҳрезӣ ва намуди зоҳирии маҳсулот муҳим аст. Бештар гуем, талабот ба додани патенти авруосиёӣ ба намунаҳои саноатӣ, ки дар ҳудуди ҳафт давлати ТПАО эътибор дорад, дар тӯли як сол ду баробар афзоиш ёфтааст. Дархостҳо барои додани патент ба намунаи саноатӣ аз тамоми ҷаҳон ворид мешаванд, бештар аз Федератсияи Русия мушоҳида карда шудааст» – шарҳ дод Григорий Ивлиев, Президенти ИПАО.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!