Бо мақсади иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, аз санаи 17 октябр то 18 ноябри соли 2022 дар Кафедраи байнидонишгоҳии “Ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ”-и Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар мавзуи “Асосҳои моликияти зеҳнӣ” барои кормандони вазорату идораҳо гузаронида шуд.

Дар фарҷом, ба шунавандагони курс сертификат тақдим карда шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!