Бо Фармони Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷоизаи раиси шаҳр барои муҳаққиқони ҷавон дар соҳаҳои илмҳои дақиқ, адабиёт, журналистика, санъат, меъморӣ, муҳандисӣ ва технология, навоварӣ ва ихтироот таъсис дода шуд.

Ҷоиза бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон кардани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” ва татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонони шаҳри Душанбе барои солҳои 2022-2026”, таъсис ёфтааст.

Тибқи низомномаи озмун довталабони то 30-сола метавонанд дар он ширкат варзанд.

Ҷоиза инчунин дар бахши навоварӣ ва ихтироъкорӣ пешбинӣ гардидааст:

татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самти рушди иқтидори инсонӣ, рушди инфрасохтор, татбиқи амалии чаҳор самти стратегии кишвар, қоҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва муҳити зист, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва тадқиқот, истифодаи маводи нав бар ивази маводҳои мавҷуда ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!