Санаи 15-17 ноябри соли равон дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳамоиш дар мавзӯи «Пайвасти ихтироот ба истеҳсолот» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ихтироъкорони соҳаи кишоварзӣ ва байторӣ, хоҷагидорон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин чорабинӣ ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои ҳадафи чоруми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне саноатикунонии босуръат, пайвасти илм ба истеҳсолот ва ҳавасмандии ихтироъкорон мебошад.

Дар ҳамоиш ихтироъкорони фаъоли кишвар бо пешниҳоди зиёда аз 8 ихтироъ дар соҳаҳои механиккунонии кишоварзӣ ва байторӣ баромад намуда, ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ муҳокимаронӣ атрофи ҳадафи чоруми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар стратегияву барномаҳои дахлдор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, саноатикунонии босуръати кишвар ба воситаи татбиқи ихтирооти инноватсионӣ ва технологияҳои муосир доир гардида, молистеҳсолкунандагони ватанӣ ба ихтирооти муаррифигардида таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!