Ба маълумоти ихтироъкорон, навоварон, намояндагони патентӣ ва шахсони хоҳишманд мерасонем, ки дар веб-портали Идораи патентии авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиёӣ бо дастрасии озод саҳифаи нави иттилоотӣ-ҷустуҷӯии Феҳристи маводҳои дорувории Идораи патентии авруосиёии ( Фармреестр ЕАПВ) ҷойгир карда шудааст, ки маълумотро оид ба патентҳои авруосиёӣ ба моддаҳои фаъоли фармокологӣ тааллуқ доштаро дар бар мегирад, ки ба онҳо номгӯи ғайрипатентии байналмилалӣ дода шудааст.

Фармфеҳристи ТПАО барои огоҳ кардани шахсони манфиатдор дар бораи мавҷудияти ҳуқуқҳои истисноии ихтирооти марбут ба моддаҳои фаъоли фармокологӣ, ки дар қаламрави давлатҳои аъзои Конвенсияи патентии Авруосиё (КПAО) ҳифз шудаанд таъсис дода шуда, ба соҳибҳуқуқи патент воситаҳои иловагӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ пешбинӣ шудааст.

Идораи патентии Авруосиёгӣ барои воридсозии маълумот оид ба патентҳои миллии давлатҳо-аъзои Конвенсияи патентии авруосиёӣ ба Феҳристи маводҳои доруворӣ имкониятро пешниҳод менамояд. Бо ин мақсад дорандагони патентҳои миллӣ метавонанд мустақиман ба ИПАО дархост пешниҳод намоянд. Ҳуҷҷатҳои барои пешниҳоди дархост ва тартиби баррасии он дар веб-портали ИПАО (бахши “Документы”, зербахши “Вопроси правовой охраны изобретений”) ҷойгир карда шудаанд. -Истинод ба ҳуҷҷат: https://www.eapo.org/ru/documents/norm/poryadok-farmreestr.html

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!