Санаи 20 декабри соли 2022, Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) семинар дар мавзӯъи “Муаррифии қонунгузорӣ дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол” баргузор намуд.
Дар семинари мазкур Директори муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек, роҳбари Намояндагии ФАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, дигар намояндаҳои ин созмон Дмитрий Зягинтсев, Ирина Киреева, намояндаи Идораи патентии Ҷумҳурии Гурҷистон Ираклий Касрадзе ва коршиносони муассиса иштирок намуданд.
Исмоилзода Мирзо чорабиниро оғоз намуда, кулли иштирокчиёнро пазируфта, қайд намуданд, ки ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол яке аз объектҳои муҳими моликияти саноатӣ ба ҳисоб рафта, барои муарифии молу маҳсулоти ватанӣ ва рушди иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд. Дар ин замина муассиса дар якҷоягӣ бо ФАО лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол”-ро таҳия карда истодааст ва корҳо дар ин самт дар даври ниҳоӣ қарор доранд.
Дар доираи семинар иштирокчиён оид ба қонунгузориҳо ва таҷрибаҳои давлатҳои худ дар самти бақайдгирии ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол тариқи тақдимҳо баромад намуда, масъалаи мазкурро муҳокима намуданд.