Имрӯз, роҳбари Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия (Роспатент) Зубов Юрий Сергеевич бо сафари расмӣ ба Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо директори муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек мулоқоти дуҷониба анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Тарафайн ба таври муфассал оид ба масъалаҳои муҳими соҳавии дохили кишвар ва минтақа, ҳамчунин рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ табодули андеша намуданд.

Дар барори ин, масъалаҳо доир ба рақамикунонии самти фаъолияти идораҳо, табодули маълумот, омода намудани мутахассисони соҳаи моликияти зеҳнӣ, бастани Ёддошти тафоҳуми байниидоравӣ ва инчунин масъалаҳои мубрами дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Инчунин Зубов Ю.С. аз рафти фаъолияти раёсатҳои экспертизаи объектҳои моликияти саноатӣ ва Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.

Ҳамзамон вохӯрӣ бо сардорони воҳидҳои сохтории муассиса низ баргузор гашта, қайд гардид, ки ҳамкорӣ пеш аз ҳама дар фазои дӯстона оғоз гардида ва иҷрои нақшаҳои дар пеш гузошташуда иҷро карда мешаванд.

Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек аз ташрифи Зубов Юрий Сергеевич ба Муассиса изҳори сипос намуда, қайд карданд , ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмуи муносибатҳои дуҷониба боз ҳам такони ҷиддӣ мебахшад.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!