Дар соли 2023 Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ дар мавзӯи “Занон ва моликияти зеҳнӣ: инноватсия ва эҷодкорӣ бо суръати шадид” аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ эълон гаштааст.

Имсол мо таваҷҷуҳи худро ба бонувони ихтироъкор, созанда ва соҳибкор равона менамоем. Бонувон дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон: ба кашфиётҳои илмии инқилобӣ, эҷодкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва дигар самтҳои муҳим кору фаъолият бурда, дар арсаи ҷаҳони саҳми назарраси худро дар рушди ҷомеа мегузоранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувон-ихтироъкорони кишвар барои дастовардҳои эҷодиашон ба як қатор ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалӣ сарфароз гардиданд.

Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҷодиёт ва навовариҳои бонувон аҳамияти хоса зоҳир намуда, яқ қатор семинар-машваратҳо ва дарсҳои кушодро барои бештар гардонидани таваҷҷуҳи бонувон ба ихтироъкорию навоварӣ дар соли ҷорӣ ба нақша гирифтааст.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!