Имрӯз, санаи 17 феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ва қадрдонии бонувон-ихтироъкорони кишвар аз ҷониби директори муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек доир гардид.
Бояд қайд кард, ки санаи 12-15-уми феврали соли 2023, 13–умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъ дар Шарқи Наздик дар Давлати Кувайт баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ихтироъкорон аз 43 кишварҳои ҷаҳон бо 169 ихтироот ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур 2 нафар бонувон-ихтироъкорони кишвар, Ёрмамадова Саврибегим ва Давлатмамадова Мавлуда бо ихтирооти худ “Пайвасти мураккаби руҳ бо мерказолил” ва “Малҳам барои табобати аллергияи пуст”, ки маводҳои кимиёвӣ ва доруворӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти табобатӣ доранд, иштирок намуданд.
Дар натиҷа ихтирооти пешниҳоднамудаи ихтироъкорони кишвар, Ёрмамадова Саврибегим бо медали нуқра ва Давлатмамадова Мавлуда бо медали биринҷии ин намоишгоҳ сазовор дониста шуданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.
Ҳамчунин Исмоилзода М. қайд намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ давраи нави эҷодиро ба миён овард, ки дар натиҷаи он ғолиби чунин чорабиниҳои байналмилалӣ гардида истодаанд.