МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ» – И
ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва 2020-2040
«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф»
ОЗМУНИ «ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН» барои солҳои 2021-2022 – ро
ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун
1) Ариза барои иштирок дар озмун;
2) Варақаи шахсӣ ва нусхаи шиноснома;
3) Рӯйхати ихтирооти бо патент ё нахустпатент ҳифзшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё патенти Авруосиёгӣ бо ишораи Тоҷикистон, ариза(ҳо) барои додани патент ё нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарори мусбии санҷиши моҳиятӣ ва ё пешакиро гирифтаанд;
4) Ҳуҷҷатҳои иловагӣ:
– санади татбиқи ихтироъ;
– ҳуҷҷати тасдиқкунандаи самараи иқтисодӣ (бо нишондоди маблағи фоида) ва ё иҷтимоӣ аз ҳар як ихтирои татбиқшуда.
Ҳуҷҷатҳо ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун бояд ду нусха пешниҳод карда шаванд.
Ғолибонро ҷоизаҳои махсус ва туҳфаҳои хотиравӣ интизоранд!
Натиҷаи озмун дар ҷаласаи тантанавӣ дар моҳи апрели соли 2023 ЭЪЛОН карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок намудан дар ОЗМУН то 20 марти соли 2023 бо нишонии: ш. Душанбе, кӯч. Айнӣ 14-а қабул карда мешаванд, инчунин пешниҳоди ҳуҷҷатҳо тариқи суроғаи электронии gafurova.muborak@mail.ru қабул карда мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 44-600-55-86; 93-845-06-07; 918-43-58-35.
Маълумоти муфассал дар сомонаи Муассиса: www.tajpatent.tj