Санаи 15-17 марти соли 2023 сардори Раёсати амнияти иттилоотии Идораи патентии Авруосиё Андрей Агеенко ва муовини сардори Раёсати технологияҳои иттилоотии Идораи патентии Авруосиё Иля Кононенко бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
16 марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии якҷояи Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо бо намояндагони мазкур сурат гирифт.
Зимни мулоқот чонибҳо ба мувофика расиданд, ки лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонӣ татбиқ карда шаванд, ки ин ба таъмини имкониятҳои қабул ва коркарди 3D моделҳо ҳамчун як қисми маводи дархост дахл дорад.
Дар фарҷоми вохурӣ Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек аз ташрифи намояндагон изҳори сипос намуда, аз ҳамкориҳои судманди муштарак ибрози андеша намуданд.