Дар натиҷаи иҷро ва амалисозии як қатор корҳо дар самти ҳалли муосири рақамикунонии соҳа, таҷдиди низоми корӣ ва коркарди технологияҳои амниятӣ, Муассиса дар самти қабули аризаҳо барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муҷофизатӣ дар шакли низоми муосир ба дастоварди нав ноил гардид.

Аз ҷумла, дар ҷараёни сафари кории ҳайати Идораи патентии авруосиёгӣ (ИПАО) ба Муассиса, ки санаи 15-17 марти соли 2023 доир гардид, вобаста ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак дар самти рақамикунонии соҳаи моликияти зеҳнӣ мувофиқаҳо ба даст оварда шуд.

Дар натиҷа, пешниҳоди аризаҳо ба объектҳои дархостшудаи моликияти саноатӣ, аз ҷумла ихтироъ ва намунаи саноатӣ дар шакли «3D-модел» дар Муассиса роҳандозӣ шуда, қабули расмии онҳо оғоз гардид.  

Бояд қайд намуд, ки қабул ва коркарди «3D-модел»-ҳо ҳамчун як қисми маводи ариза ва татбиқи низоми идоракунии амнияти иттилоотӣ дар ҳамкорӣ бо ИПАО ҷорӣ карда мешавад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!