Аз 28 то 30 март 26-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот ва технологияҳои инноватсионии Маскав «Архимед» баргузор гардид, ки дар он ихтироъкорони тоҷик ширкат варзиданд.
Иштироккунандагони Намоишгоҳ намояндагони 221 ташкилот аз 27 давлат ва 35 минтақаҳои Федерацияи Россия буданд, ки ба намояндагони васеи илмӣ-техникӣ қариб 600 лоиҳа ва ихтирооти навоваронаро намоиш доданд, ки 198 адади онҳо аз тарафи муаллифон ва соҳибони патенти хориҷӣ пешниҳод карда шудаанд.
Комиссияи тахассусии коршиносон ва ҳакамони байналмилалӣ озмунҳоро ҷамъбаст намуданд, ки дар натиҷаи он иштирокчиёни Намоишгоҳ бо медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳ ва мукофотҳои махсус мукофотонида шуданд.
Бо қарори ҳакамони байналмиллалӣ ихтироъкорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ғайбуллаева Зумрат Ҳабибовна барои ихтироъ – «Тарзи ҳосилкунии моддаҳои барқароркунанда ҳангоми коркарди ангишт» ва Кариева Мадина Зарифовна барои ихтироъ – «Сохтор барои муолиҷаи баромадагии модарзодии рон» бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.