Санаи 1 майи соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо ва намояндагони барномаи рушди ҳуқуқии тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка (CLDP) баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур намояндаи сафорати ШМА дар Тоҷикистон, намояндагони барномаи рушди ҳуқуқии тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка (CLDP) ҷаноби Ҷо Янг ва дигарон ширкат варзиданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавзӯҳои таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ва тавсияҳо оид ба ҳамкорӣ дар самти тиҷораткунонии ихтироъҳо ва таъсиси «Маркази тиҷораткунонии коркардҳо ва трансфери технологӣ» мубодилаи афкор намуданд.