Санаи 16 майи соли 2023, дар шаҳри Москваи Федератсия Россия ҷаласаи 13-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ таҳти раёсати Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур намояндагони ваколатдори давлатҳои ИДМ, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Федератсия Россия, инчунин Ҷумҳурии Озарбойҷон бори аввал ба ҳайси нозир иштирок намуданд.
Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои мазкур Исмоилзода Мирзо – директори Муассисаи давлатии “маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба ҳифз ва ҳимояи моликияти зехнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Стратегияи рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақша ва вазифаҳои дар пеш истода барои рушди соҳа дар кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.