Санаи 18 майи соли 2023 дар шаҳри Великий Новгороди Федератсияи Россия бо иштироки намояндагони ваколатдори давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиёӣ (ТПАО) ҷаласаи 42-ум (13-уми ғайринавбатӣ)-и Шӯрои маъмурии ТПАО баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати намояндаи ваколатдори Туркманистон дар ТПАО-роҳбари Хадамоти давлатӣ оид ба моликияти зеҳнии Вазорати молия ва иқтисоди Туркманистон баргузор гардида, дар кори он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ваколатдор дар ТПАО – директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо иштирок намуд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти ТПАО дар соли 2022 ҷамъбаст ва Барномаи рушди ТПАО барои солҳои 2023-2028 тасдиқ карда шуда, масъалаи ташкили Ассамблеяи авруосиёии намояндагони патентӣ ва санадҳо доир ба татбиқи барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва бурсияҳои ТПАО баррасӣ карда шуд.
Ҳамчунин, дар кори он аз ҷониби Шӯрои маъмурӣ Низомнома дар бораи боҷҳои ТПАО мутобиқи Санади женевагии Созишномаи Гаага дар бораи бақайдгирии байналмилалии намунаҳои саноатӣ ва Тартиби мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ байни ТПАО ва идораҳои миллии патентии давлатҳои аъзои ТПАО тасдиқ гардид. Боиси тазаккур аст, ки Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда ин равандро дар фаъолияти кории худ дар шакли пилотӣ ҷорӣ менамояд.
Инчунин, санаи 17-18 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Великий Новгород Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони ҷавон бо иштироки ихтироъкорони боистеъдоди давлатҳои аъзои ТПАО баргузор гардид, ки дар он як навовари ҷавони тоҷик маҳсули эҷодии худро ба маъраз гузошт.
Бояд қайд намуд, ки дар форуми мазкур зимни намоишу муаррифии дастовардҳои ихтирикорон директори Муассиса Исмоилзода Мирзо суханронӣ намуда, ба навоварони ҷавон муваффақиятҳои касбӣ ва бурдбориҳои нави эҷодӣ таманно намуд.