Санаи 6 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Моликияти зеҳнӣ дар асри XXI: тамоюлҳо ва дастовардҳо. 30-соли моликияти зеҳнии Тоҷикистон» бо иштироки доираи васеи роҳбарон ва намояндагони идораҳои патентии кишварҳои хориҷа, вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ихтироъкорону навоварон баргузор карда мешавад.