13-14 июни соли 2023 дар шаҳри Несвижи Ҷумҳурии Беларус семинари минтақавии «Моликияти зеҳнӣ – омили асосии ҳамгироӣ дар фазои Авруосиё» баргузор гардид, ки дар кори он муовини аввали директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Шавқат Шаробудин иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва намояндагони идораҳои патентии кишварҳои аъзои Ташкилоти патентии авруосиёӣ (ТПАО), намояндаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва доираи васеи намояндагони институтҳои илмию таҳқиқотӣ иштирок карданд.

Дар чорабинӣ саҳми моликияти зеҳнӣ дар иқтисодиёти кишварҳои аъзои ТПАО муҳим арзёбӣ шуда, масъалаҳои мубрами соҳа мавриди табодул ва муҳокимаронӣ қарор дода шуданд.

Зимни суханронӣ Вализода Шавқат баён намуд, ки соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи бепоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина рушд карда истодааст ва дар ин замина як қатор барномаҳои давлатӣ, бахусус Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!