Санаи 6 июли соли 2023 дар қароргоҳи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) оғоз шуд.

Дар кори Ассамблея роҳбарони идораҳои патентии кишварҳои аъзои СУМЗ тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ иштирок дошта, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо дар ин Ассамблея тариқи ҳузурӣ иштирок намуда истодаанд.

Дар Ассамблея директори муассиса вобаста ба вазъи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёбии низоми миллии моликияти зеҳнӣ таҷлил гардид. Ҳамзамон дар даврони Истиқлоли давлатӣ  натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд, яъне низоми мукаммали моликияти зеҳнӣ ташаккул ёфта ва бо мувафаққият фаъолият намуда истодааст.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи моликияти зеҳнӣ ба зинаи нав баромада, вазифаҳои нави стратегии рушди моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шуда, мавриди амал қарор доранд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!