Вохӯриҳои дуҷонибаи директори Муассиса бо роҳбарони идораҳои патентии кишварҳои хориҷа ва баимзорасонии санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар доираи ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ)
Дар ҳошияи ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва баргузории нишастҳо вохӯрии директори Муассиса Исмоилзода Мирзо бо директори генералии СУМЗ ва як қатор роҳбарони идораҳои патентии кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Туркия, Беларус ва Ҳиндустон доир гардид, ки зимни мулоқотҳо масъалаи таҳкиму густариши ҳамкориҳо дар самти илму инноватсия, ихтирооту навоварӣ ва дигар масъалаҳои муҳими самти моликияти зеҳнӣ мавриди изҳори андеша қарор гирифт.
Инчунин, дар ҷараёни Ассамблея маросими баимзорасонии Созишнома байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба хизматрасонӣ вобаста ба таъсис ва рушди марказҳои дастгирии технологияҳо ва инноватсияҳо ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ баргузор гардид.
Ҳамзамон, Ёддошти тафоҳум байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази миллии моликияти зеҳнӣ»-и Ҷумҳурии Беларус, Идораи патентӣ ва тамғаи молии Туркия ба имзо расонида шуд.
Дар баробари ин, вохурии дуҷониба баргузор гашта, нақшаи ҳамкории Муассиса ва Департаменти пешбурди Вазорати савдо ва саноати Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид.
Кайд намудан зарур аст, ки ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария аз санаи 3 то 14 июли соли ҷорӣ баргузор мегардад.