Санаҳои 19-21 июли соли 2023 дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ дар сатҳи коршиносон бо ташаббуси Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратӣ (CLDP)-и Вазорати савдои ИМА баргузор гардид.
Дар он намояндагони идораҳoи патентӣ ва мақомоти гумруки ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон иштирок намуда, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиҳзода Суҳроб роҳбарӣ намуд.
Мавзӯъҳои ҷаласаи гурӯҳи кориро асосан ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, ҳамоҳангсозии дохилидавлатии ҳимояи ҳуқуқҳо ва самаранокии пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, масъалаҳо доир ба расмиётҳои гумрукӣ дар самти муайян намудан ва пешгирии қалбакикунонии молҳо фаро гирифта, аз ҷониби коршиносони Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратӣ (CLDP) ва дигар ниҳодҳои дахлдори ИМА тавсияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам дар самтҳои қайдгардида мубодилаи афкор сурат гирифт.
Да кори қисматҳои ҷаласа аз ҷониби кормандони Муассиса мавзӯҳо дар самти дастоварҳо ва ҳадафҳои минбаъдаи соҳаи моликияти зеҳнӣ, кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зехнӣ дар Тоҷикистон ва дигар гурӯҳҳои кории дохилиидоравӣ вобаста ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зехнӣ ва чораҳои пешбинигардидаи кишвар дар самти оммавигардонии соҳа муаррифӣ карда шуд.
Дар доираи чорабинӣ вохӯрии дуҷонибаи муовини директори Муассиса бо коршиносони Намояндагии тиҷоратии ИМА (USTR) барпо гардид.