Санаҳои 24-26 июли соли 2023 дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синтзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ-Хитой (C+C5) баргузор гардид.
Дар доираи ин чорабинӣ Форуми Хитой ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, семинари сатҳи баланди моликияти зеҳнии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар соҳаи ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол ва вохӯриҳои роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнӣ барпо карда шуд, ки дар рафти кори онҳо масъалаҳои муҳими самти моликияти зеҳнӣ дар сатҳи минтақа мавриди муҳокима ва мубодила қарор дода шуд.
Дар чорабиниҳои қайдгардида намояндагони идораҳoи моликияти зеҳнии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, инчунин намояндагони воломақоми Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо, сардори Шуъбаи илм, инноватсия ва захираҳои иттилоотии Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Баротов М.М. ва мушовири директори Муассиса Купайи Г.Ҷ. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти суханронӣ ва вохӯриҳо қайд карда шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаҳои стратегии моликияти зеҳнӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи соҳаи моликияти зеҳнии кишвар ва муаррифии он бо давлатҳои ҳамсоя ва дур коргузорӣ ҷорӣ шуда истодааст.
Зимни баргузории чорабиниҳо ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Институти техникии физика ва химияи Синтзяни Академияи илмҳои Чин, Ширкати фармасевтии Синтзян ва ширкати ТВЕА боздид намуда, аз раванди фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуданд.