Санаи 23 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо (Минбаъд Муассиса) бахшида ба «Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки ихтироъкорону навоварон ва кормандони Муассиса баргузор гардид.

Директори Муассиса Исмоилзода Мирзо ихтироъкорон, масъули соҳаи ихтироот ва он нафароне, ки дар эҷодкорӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо натиҷаҳои зеҳнии худ муаррифӣ менамояд табрик намуд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишварро ба соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии натиҷаҳои эҷодии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассиса корҳои мушаххас, аз ҷумла ташкили курсҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳии моликияти зеҳнӣ, озмунҳо, муаррифии ихтироот ба истеҳсолот ва масъалаҳои тиҷоратикунонии соҳаро иҷро намуда истодааст.

Дар доираи ҷаласаи мазкур дастовардҳои бонувон ихтироъкорони кишвар, ки аз Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2023» дар Кореяи Ҷанубӣ (21-22 июли соли 2023) ва Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот ва инноватсия «INTARG 2023» дар Ҷумҳурии Полша (24-25 майи соли 2023) ба даст овардаанд, тақдим карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дастовардҳои ихтироъкорони моро дар арсаи байналмилалӣ эътироф менамоянд ва бо ҷоизаҳои олӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар 16-ум Намоишгоҳи байналмилалии занҳои ихтироъкор «KIWIE -2023» ихтироъкорони зерин бо ҷоизаҳо қадрдони карда шудаанд:

  • бо ду медали тилло, як медали нуқра ва ҷоизаи махсуси давлати Индонезия Сайфутдинова Мунфиза Бурҳоновна бо ихтирооти – «Малҳами ҷароҳатсиҳаткунандаи «Хитинидазол Форте»», «Тарзи муолиҷаи аворизҳои бамиёномада баъди табобати шуоии саратони пӯст» ва «Тарзи муолиҷаи шуоии саратони пӯст, дар пайи сӯхтагӣ дар сандалӣ» сарфароз гардонида шудааст;
  • медали тилло ва медали нуқраро Аловидинзода Рухшона барои ихтирооти «Тарзи ҳосил кардани 1-хлор -3-глитсилглитсилопропан-2-ол» ва «1,5-дифенил – 3,7- диметиленпергидрооксини дорои фаъолияти зиддибактериявӣ» сазовор шудааст;

– медали тиллоро Холиқова Омина барои ихтирои «Маводи дорои хусусияти ҳепатоҳифозатӣ, талхаронӣ ва зиддиоксидӣ» сазовор гардидааст;

  • медали тиллоро Миҷгони Сорбон барои ихтирои «Маводи доругии зидди илтиҳобии узвҳои ГТБ» сазовор гардидааст;
  • медали нуқраро Хоҷаева Заррина барои ихтирои «Маводи «Турнезарин» дорои таъсири зиддимикробӣ» сазовор гардидааст. 

Дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироот ва инноватсия «INTARG 2023» ихтироъкорони зерин ҷоизадор гаштанд:

Ёрмамадова Саврибегим – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Қурбонова Муқадас – номзади илмҳои химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Зоидова Муътабар номзади илмҳои химияи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сазовори медалҳои нуқра гардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2012 то инҷониб 57 нафар занҳои ихтироъкори кишвар бо пешниҳоди 66 адад ихтирооти худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ соҳиби 27 медали тилло, аз ҷумла 2 медали тиллои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, 28 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ гардиданд.

 

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!