Санаи 20 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамбастии муассиса дар нуҳ моҳи соли 2023 бо иштироки роҳбарият, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони муассиса баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии директори муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек оғоз гардида, тибқи маъруза доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби муовини аввали директори Муассиса – Вализода Шавқат Шаробудин дар шакли рӯнамо гузориши муфассал пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки вобаста ба тақвияти соҳа, таъмини рушди нишондиҳандаҳои моликияти саноатӣ, баланд бардоштани сифати кору хизматрасонӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин давра корҳои назаррас иҷро шуд.
Таъкид карда шуд, ки дар ин давра муассиса пеш аз ҳама таваҷҷуҳи асосии худро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пайвасти ихтироот ба истеҳсолот, рақамикунонии соҳа, ташаккули захираи миллии иттилоотӣ ва умуман ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ равона намуда, ҷиҳати беҳтар намудани фаъолият ва пешбурди низоми самараноки корӣ, инчунин таъмини иҷрои сифатноки супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо иҷрои як қатор нақшаҳои муайянро ба сомон расонид.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббус, мусоидат ва ҳамоҳангсозии муассиса иштироки ихтироъкорон ва навоварони кишвар дар озмун ва намоишгоҳҳои гуногуни байналмилалӣ таъмин карда шуд, ки дар натиҷа иштирокчиён соҳиби ҷойҳои намоён ва сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ ба муассиса 110 ариза барои гирифтани нахустпатент ба ихтироъ, 517 ариза барои бақайдгирии тамғаҳои молӣ бо расмиёти миллӣ, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76 адад (17%) зиёд буда, 1636 дархост бо расмиёти байналмилалӣ ворид гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 214 адад (15%) зиёд мебошад.
Дар ин муддат аз ҷониби муассиса ба аризадиҳандагон 1 патент ба ихтироъ, 1 гувоҳномаи муаллифӣ ба патент, 96 нахустпатент ба ихтироъ, 468 шаҳодатномаи муаллифӣ ба нахустпатент ва 357 шаҳодатнома ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ дода шудааст.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-сардори Шуъбаи рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Одиназода Моҳтобӣ суханронӣ намуда, дар маҷмуъ фаъолияти муассисаро дар ин давра бо назардошти дастовардҳои муҳими соҳа мусбӣ арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, директори муассиса Исмоилзода Мирзо бо таъкид аз натиҷаҳои бадастомада ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор дода, ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа таклифу пешниҳодҳои муфид манзур намуд.