16 ноябри соли ҷорӣ дар Муассиаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон бахшида ба рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. 

Чорабиниро директори муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику таҳният намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шумори чунин шахсиятҳои ҷаҳонӣ мебошад, ки дар сафҳаҳои заррини таърих барои миллат ва давлаташ корномаи беназири ватансозиро ба мерос гузоштааст.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро ҷаҳониён эътироф намудаанд. Таҷлили “Рӯзи Президенти Тоҷикистон” ин омӯзиши мактаби давлатдорӣ ва хизматҳои шоистаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!