Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Барномаҳои компютерӣ ҳамчун ихтироъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса, коршиноси Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ширкатҳои барномасозӣ, инчунин барномасозони ҷавон.
Дар чорабинӣ роҳҳо ва принсипҳои патентикунонии барномаҳои компютерӣ ҳамчун объекти тарз дар ихтироъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ када шуданд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса Исмоилзода Мирзо ифтитоҳ намуда, оид ба мубрамии ин мавзӯъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон суханронӣ намуда, қайд кард, ки ихтироъ ин роҳи ҳалли техникии марбут ба объекти моддӣ мебошад – маҳсулот ё раванди анҷом додани амалҳо дар объекти моддӣ бо истифода аз воситаҳои моддӣ. Объекти ихтироъ метавонад асбобҳо, тарзҳо, моддаҳо, штаммҳои микроорганизмҳо, культураҳои ҳуҷайраҳои растанӣ ва ҳайвонот, инчунин истифодаи дастгоҳ, тарз, модда, штамм барои таъиноти нав бошанд. Барои он ки барномаи компютерӣ ҳамчун ихтироъ ба қайд гирифта шавад, бояд ба он хусусиятҳои муайян дода шавад: таъмини ихтирои худ бо воситаҳои моддӣ, ки барои ин барномаро дар якҷоягӣ бо дастгоҳи техникие пешниҳод менамоянд, ки дар он амали карда мешавад. Дар таҷриба чунин ихтироъ бо худ тарзеро муаррифӣ менамояд, ки ҳадди ақал як амалиётро бо ёрии воситаи моддӣ (дастгоҳ), ки дар он ин барнома амалӣ карда мешавад ва ё дастгоҳе, ки дар он аломатҳои барнома бо воситаи вазифаҳои иҷрошавандаи он инъикос карда мешаванд (масалан, блоки электронии дорои имконияти ҳисобкардабароии логорифм иҷрошуда) дар бар мегирад.
Барои гирифтани маълумоти муфассал ва васеъ оид ба бақайдгирии барномаҳои компютерӣ ҳамчун объекти тарз дар ихтироъ коршиносони миллӣ ва хориҷӣ баромад намуда, дар бораи хусусиятҳои бақайдгирии ин объект суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар доираи мизи мудаввар муаррифии барномаҳои компютерие, ки аз ҷониби барномасозони ватанӣ сохта шудаанд, намоиш дода шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ коршиносони соҳа ва иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ ва ҷолиби ин мавзӯъро баррасӣ намуданд.