Санаи 30 ноябр-1 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонохонаи “Хаят Реҷенси Душанбе” бо ташаббуси Барномаи рушди хуқуқи тичоратӣ (CLDP)-и Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) семинар дар мавзӯи “Интиқоли технологияҳо ва тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ” баргузор гардид.
Дар семинари мазкур роҳбарият ва кормандони муассиса, намояндагони барномаи мазкур, коршиносони хоричӣ, намоянда аз Донишгохи Бостони ИМА, масьулини паркхои технологии ҷумхурӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори муассиса Исмоилзода Мирзо ва намояндаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Алан Флеш оғоз гардида, мавзӯҳо доир ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, интиқоли технологияҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, нақши бахши хусусӣ дар самти мазкур ва истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт баррасӣ гардиданд.