Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиноси Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё (ИПАО) Панько Валентин Юрьевич ва коршиносони Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии ММПИ масъалаи ҳифзи ҳуқуқии барномаҳои компютерӣ дар самти ихтироъ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар доираи чорабинӣ мубодилаи таҷриба вобаста ба соҳа сурат гирифт, ки дар раванди он коршиноси ИПАО маълумоти муфассалро оид ба талаботи умумӣ барои тартибдиҳии ариза ба ихтироъ, хусусан оид ба экспертизаи барномаҳои компютерӣ ҳамчун тарз дар ихтироъ, яъне, марҳилаҳои асосии экспертизаи расмӣ, моҳиятӣ ва дигар равандҳои экспертизаи ихтироъро шарҳ дод.
Қайд намудан зарур аст, ки чунин ҳамкории судманд байни ИПАО ва ММПИ ҷиҳати болоравии таҷрибаи коршиносони самти ихтироъ дар экспертизаи босифати ихтироъҳои арзшуда ва ҳамзамон рушди соҳа мусоидат менамояд.