Санаи 14 декабри соли 2023, Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”- и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии (ФАО)-и СММ мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди ишораҳои ҷуғрофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор намуд.

Дар мизи мудаввари мазкур намояндагони вазорату идораҳои кишвар, коршиносони Муассиса, намояндагони ФАО ва коршиносони байналмилалӣ аз давлатҳои Туркия, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Бритониёи Кабир дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ, бо маърузаҳо иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори муассиса Исмоилзода Мирзо оғоз гардида, маърӯзаҳо доир ба рушди ишораҳои ҷуғрофӣ ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла маълумотонии аҳолӣ, ҳифз ва ҳимояи ишораҳои ҷуғрофӣ (номи ҷойи пайдоиши мол) ва маъмул намудани брендҳои минтақавӣ мебошад.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!