Санаи 22-уми декабри соли 2023 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Қадами устувор ба инноватсия» баргузор гардид.

Озмун-фестивал ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон иҷрои мақсадҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои ҷалб ва ҳавасмандгардонии наврасон ва ҷавонони болаёқат ба фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, Директори Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии Академияи Илмҳои Кишоварзии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва дигар коршиносони самти фаъолияти ихтироъкорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Озмун-Фестивали навбатӣ маротибаи чорум аст  баргузор гардидаистода, он дар доираи дастуру супоришҳо ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат Муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон ва иҷрои мақсадҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» роҳандозӣ гардидааст.

Ҷоизи қайд аст, ки қисмати зиёди иштирокчиёни Озмун-Фестивал наврасону ҷавонон дар Озмун маротибаи аввал ширкат намудаистодаанд ва дигарон дар озмунҳои бонуфузи сатҳи ҷумҳуриявӣ аллакай ширкат намуданд.

Дар Озмун аз ҷониби 80 нафар наврасону ҷавонон аз тамоми гушаву канори кишвар ариза пешниҳод гардида буд, ки аз ин шумора 9 адади онҳо ҷавобгӯй набудан ба талаботи Низомномаи Озмун-Фестивал ба даври ниҳоӣ роҳ наёфтанд. 71 нафар довталабони дигар бошад, дар озмун иштирок намуданд.

Ҳамин тавр, тибқи қарори Комиссияи Озмун-Фестивал дар номинатсияҳои зерин ғолибон муайян гаштанд:

Наврасони навовари то синни 14 сола:

  • Шодиев Зариф Акбарович- сазовори ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи якум;
  • Шукуров Парвиз Фаррухович-  сазовори ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи дуюм;
  • Абдухаллоқов Абдуфаттоҳ Абдушукурович- сазовори ҷойи сеюм.

Навоварони аз сини 15 то 30 сола:

  •  Ҳафизов Орзу Зиёвуддинович – сазовори ҷойи якум ва Дипломи дараҷаи якум;
  • Аҳтамшоҳзода Сайёраи Иброҳим – сазовори ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи дуюм;
  • Ғафори Мурод ва Убайдуллоев Биҳиштӣ Абдулфаттоевич – сазовори ҷойи сеюм ва Дипломи дараҷаи сеюм.

 

Дар номинатсия ихтироъкорӣ:

  • Насруллоев Фарҳод Хуҷаевич, ҷои якум ва ҷоиза – Нишони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Гиёев Файз Азизович – сазовори ҷойи дуюм ва Дипломи дараҷаи дуюм;
  • Сайфиева Сафия Фарруховна – сазовори ҷойи сеюм ва Дипломи дараҷаи сеюм.

Қайд кардан зарур аст, ки ба қатори Дипломҳо ба ғолибон аз ҷониби сарпарасони Озмун-Фестивал ҶДММ «Авесто Гуруҳ» ва ҶДММ «Фабрикаи шири Саодат» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.

Дигар иштирокчиёни довталаб бо Дипломи иштирокчӣ қадрдонӣ гардиданд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!