Имрӯз дар толори Муассисаи далатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои Миллат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократӣ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд. Бо сухани муқаддимавӣ Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо ҷаласаро оғоз намуданд.
Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо қайд карданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 28-декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» мисли ҳарвақта хеле фарогир буда, шуруъ аз қишри осебпазири ҷомеа, маъюбону ниёзмандон то баррасии мушкилоти соҳибкорони Ватанӣ, ки муҳаррики асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб мераванд, дар бар гирифт.
Таҳлилҳо ва рақамҳои дар Паём зикршкда аз он далолат менамояд, ки Роҳбари давлат аз вазъи воқеии масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дурнамои дигар соҳаҳои калидии кишвар комилан иттилоъ дошта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва замима гузоштан барои рушди самтҳои муҳим, ки зиндагии босаодати мардуми кишвар аз он алоқаманд аст, тасмимҳои ҷиддӣ мегиранд.