Санаи 4-5 марти соли равон дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон семинари байналмилалии «Ҳифзи ҳуқуқии ишораҳои ҷуғрофӣ ва нақши онҳо дар пешбурди бренди минтақавӣ» баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони идораҳои патентии ҷумҳуриҳои Узбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва намояндаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) дар шакли ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзо Исмоилзода дар шакли фосилавӣ иштирок намуданд.
Исмоилзода М. дар суханронии худ қайд намуданд, ки вақтҳои охир рушди минтақаҳо тавассути системаи брендҳои минтақавӣ, ки ҳамчун нишонаҳои марбут ба ҳудудҳои истеҳсоли мол, кор, хизматрасонӣ, яъне номи ҷои пайдоиши мол ва ишораи ҷуғрофии ҳифз шуда, аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Илова бар ин, қайд карда шуд, ки сиёсати давлатӣ оид ба пешбурди брендҳои минтақавӣ дар Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баён гардида, дар он вазифа гузошта шудааст, ки ба ташаккули брендҳои минтақавӣ ва баландбардории мақом, инчунин пешбурди маҳсулоти корхонаҳои бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон дар бозорҳои дохилӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат карда шавад.