Санаи 12 апрели соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар мавзӯи «Мафҳум ва ҳифзи ихтироъ» семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинар-машварати омӯзишии мазкурро Вализода Шавқат  – муовини аввали директори Муассиса ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки чорабинии имрӯза бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи созанда ва иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати  тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ дар доираи солҳои 2020 -2040 эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ ва иттилоотонии онҳо вобаста ба соҳа мебошад.

Дар семинар-машварат аз ҷониби коршиносон оид ба самти ихтироот, аз ҷумла моҳияти ихтироъ, ҳуқуқи патентӣ, таърихи пайдоиш ва инкишофи он, тадқиқоти патентӣ, талабот ба ҳуҷҷатҳои ариза барои гирифтани патент, меъёрҳои ҳифзпазирӣ, объектҳои ихтироъ, экспертизаи ариза, бақайдгирӣ ва ҳуқуқи истисноии дорандаи ҳуҷҷати муҳофизатӣ (патент) ба иштироккунандагон тавзеҳот дода шуда,  суҳбати озод доир гардид.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!