Санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон семинар-машварат дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандӣ ва соҳаи моликитяи зеҳнӣ” доир карда шуд.
Чорабинии мазкур ба муносибати эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардида буд, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, ташкил карда шуд.
Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби кормандон-ҳуқуқшиносони муассиса оид ба мавзуҳои мубрами ҳуқуқӣ маърӯзаҳо пешниҳод карда шуда, атрофи мавзуҳо муҳокимаҳо бо кормандон доир карда шуд.