Имрӯз, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон музокирот байни намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Муассиса баргузор гардид, ки дар он директори муассиса Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек, Сардори Намояндагӣ – Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Раймундас Карболис, менеҷери барномавии намояндагии Иттиҳод Карин Олислагерс ва мутахассисони муассиса иштирок намуданд.
Дар раванди музокирот боби 8-и лоиҳаи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (Enhanced Partnership and Cooperation Agreement), ки масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи моликияти зеҳниро дар бар мегирад, муҳокима гардида, натиҷаҳои назаррас вобаста ба моҳияти муқаррароти санади номбаршуда ва ҳамоҳансозии он ба қонунгузории соҳавии тарафҳо ба даст оварда шуданд.