Имрӯз, дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии дуҷонибаи директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода бо сафири фавкулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус ҷаноби Денисенко Виктор Александрович доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ таҳти муҳокима қарор дода, бо қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҷойдошта ҷиҳати тақвияти минбъадаи корҳои мутақобила изҳори омодагӣ намуданд.