Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо рӯзҳои 18 ва 19 сентябри соли 2024 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Бақайдгирии ихтироот тавассути низоми PCT” бо иштироки коршиносони муассиса, ихтироъкорони фаъоли кишвар ва намояндагони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» буда, инчунин бургузории ин семинар ба раванди тақвият бахшидан дар рушди соҳаи моликияти зеҳнии кишвар ва табодули таҷриба байни коршиносони Идораи патентии Тоҷикистон ва коршиносони хориҷӣ замина хоҳад гузошт.
Семинари мазкур аз қисматҳои омӯзишӣ ва таҷрибавӣ иборат буд, ки дар раванди чорабинӣ муҳокимаи коршиносон ва ихтироъкорон бо коршинсони хориҷӣ ба амал омад.