Хоҳишмандонро барои иштирок дар озмуни “Кашфи ҷаҳони моликияти зеҳнӣ 2024”, ки марҳилаи аввали он аз 28 сентябри соли 2024 то 2 октябри соли 2024 баргузор мегардад, даъват менамоем. Озмуни мазкур дар якҷоягӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии илм ва технологияи Ҷумҳурии Беларус, Идораи патентии Авруосиё, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Беларус ва Маркази миллии моликияти зеҳнии Белорус ташкил карда шудааст.
Шаҳрвандони кишварҳои иштирокчии Конвенсияи патентии Авруосиё ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар минтақаи зикршуда (аз синни 13 то 19 сола) иқомат мекунанд, барои иштирок даъват карда мешаванд.
Маълумоти пурра доир ба чорабинии мазкур:
Рақамҳо барои тамос: (+992) 93 845 0607 +992 44 600 5586