4 октябри соли 2024 дар Шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Маросими минтақавии муаррифии гузориши Индекси Глобалии Инноватсия дар соли 2024 барои кишварҳои Осие баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони боломақоми минтақа, инчунин намояндагони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода – директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар бораи вазъи кунунии фаъолияти инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ, нақшаҳо ва вазифаҳои дар пешистода барои рушди соҳа дар кишвар маълумот доданд.

Исмоилзода М. қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи инноватсия дар кишвар, аз ҷумла ба ташаккули низоми муассири инноватсионӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи технологӣ ва рақобатпазирии истеҳсолот, баровардани маҳсулоти инноватсионӣ ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ивазкунии воридот, бунеди инфрасохтори рақамӣ, ҳукумати электронӣ ва тиҷорат, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷуҳи махсус медиҳанд.

Ҳамзамон, дар доираи маросим, вохӯрии дуҷонибаи директори муассиса Исмоилзода Мирзо бо роҳбари Сохтори моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Қазокистон баргузор гардид.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!