Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода бо ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва кули мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ин рӯзи муқаддас табрику таҳният намуданд. Зимни суханронии худ, Исмоилзода М. баён намуд, ки имрӯз забони тоҷикӣ дар баробари Истиқлоли ватанамон ба давраи нави рушду густариш дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии рушди забони тоҷикӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад.
Қайд карданд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Ин ҳама асос шуд ва 22 июли соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди равшанфикрони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон»-ро қабул намуд.
Дар даврони истиқлолии кишвар, соли 2009 ин қонун дар таҳрири нав бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки тибқи он ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ба феҳристи ҷашнҳои миллии кишвар ворид карда шудааст.