Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 9-11-уми августи соли 2024 семинар-машваратҳои омӯзишӣ дар самти “Асосҳои моликияти зеҳнӣ ва навоварию ихтироъкорӣ” дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Панҷакенти вилояти Суғд барои донишҷӯён, унвонҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳо, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент баргузор намуд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба навоварию ихтироъкорӣ, ҳамзамон баланд бардоштани дараҷаи маълумотнокии онҳо оид ба мафҳум ва моҳияти навоварию ихтироъкорӣ мебошад.