Санаи 28 сентябри соли 2024 Марҳилаи аввали озмуни «Открывая мир интеллектуальной собственности.2024» баргузор карда шуд.
Дар марҳилаи аввали озмун беш аз 800 хонандагон аз 4 кишвар – Беларус, Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ғолибони марҳилаи якуми Озмун инҳо гардиданд:
- Назаров Аҳмадҷон Таҳирович (Тоҷикистон) – ҷойи 1
- Штукар Полина Владимировна (Беларус) – ҷойи 2
- Корявий Кирилл Александрович (Беларус) – ҷойи 3
Ғолибони ҳар яки 3 марҳиларо мукофотҳои киматбаҳо интизоранд.
Донишҷӯёне, ки дар марҳилаи аввал -олиб нагаштанд, метавонанд дар марҳилаҳои минбаъда барои ғолибият мубориза баранд.
Маълумот дар бораи иштирокчиёни марҳилаи якуми Озмун дар ин ҷо: https://ncip.by/openwip/list_2024.pdf.
Илова бар ин, бо маводҳои марҳилаи якуми озмун (лексия дар шакли матнӣ ва видеоӣ, инчунин ҷавобҳо ба супоришҳои тестӣ) метавонед дар сомонаи Озмун шинос шавед.
Хотиррасон менамоем, ки Марҳилаи дуюми Озмун, 19 октябри соли 2024 соати 11:00 ба вақти Минск баргузор мешавад.
Иштироки фаъоли шуморо интизорем ва ба шумо мувафаккият хохонем!