Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони муассиса доир ба шарҳу муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали директори муассиса Вализода Шавқат оғоз намуда, қайд карданд, ки бо қабули  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардуми шарафманди Тоҷикистон аз сарфаи беҳуда, маъракаю маросимҳои пурдабдаба ва пешгирии зиёдаравӣ канораҷӯӣ намуда, дар  баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳайё намудани зиндагии шоиста саҳмгузор гардиданд.   

Сипас дар идомаи чорабинӣ  аз ҷониби намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим бобати ин масъала маъруза пешниҳод гардид. Қайд карда шуд, ки дар натиҷаи амалишавии ин қонун дар  як муддати кутоҳ кирдорҳои номатлуби худнамоӣ ва  зоҳирпарастӣ  аз байн бурда шуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ мусоидати зарурӣ расонид. Мақсад аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.

Таҷрибаи амали ҳабдаҳсолаи қонуни мазкур нишон  дод,  ки  дар  ҷомеа сатҳи фарҳанг ва маърифатнокии мардум нисбат ба   расму   оинҳо  баланд  гардида,  мардуми кишвар хурофотро  аз   маросимҳои   воқеан   муҳимми   милливу  динӣ  фарқ  карда, дар ин раванд баробариро дар   миёни  қишрҳои  гуногуни ҷомеа барқарор намуданд.

 

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!