Санаи 4 ноябри соли 2024 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари байналмилалӣ дар мавзӯи “Қарздиҳӣ бо гарави моликияти зеҳнӣ. Тамоюли рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло, директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тољикистон Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек, директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-татқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Лопатин Владимир Николаевич, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бодуршозода Мералӣ, инчунин роҳбарият ва намояндагони бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони хориҷӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ иштирок намуданд.
Мақсади асосии баргузории семинар ин арзёбии имкониятҳои кишвар дар самти истифодаи объектҳои моликияти зеҳнӣ ҳамчун гарав барои гирифтани қарз мебошад, ки ин таҷриба дар дигар кишварҳо фаъолона истифода гашта истодааст.
Ҳадафи дигари чорабинии мазкур, ин ҳамоҳангсозии барномаҳои компютерӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун ихтироъ, ки ин раванд метавонад дар оянда ба рушди самтҳои нав, ба мисли барномасозӣ ва инноватсия бо зеҳни сунъӣ мусоидат намояд.
Инчунин, дар доираи семинар, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳи китобҳову нашрияҳои ҳуқуқӣ ва таълимӣ доир карда шуд.
Семинари байналмилалии “Қарздиҳӣ бо гарави моликияти зеҳнӣ. Тамоюли рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон” аз ҷаласаи пленарӣ бо суханронии меҳмонони воломақом оғоз ефта, сипас тибқи барномаи семинар бахшҳо дар мавзӯъҳои “Қарздиҳӣ бо гарави объектҳои моликияти зеҳнӣ”, “Тамоюли рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир карда шуда, иштирокчиён бо маърӯзаҳои соҳавии худ баромад намуданд.