Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ нахуст бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас директори муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди кишварро ба ин ҷашни фархунда табрик намуданд.
Зимни суханрони Исмоилзода М. қайд намуданд, ки 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки ин заминаи муҳими ҳуқуқӣ ва сиёсии давлатдорӣ ва рушди кишвари азизамон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими ин санади тақдирсоз нақши калидӣ дорад, зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлати мутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.
Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.