Санаи 14 ноябри соли 2024 Муассиаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор намуданд.
Дар чорабинии мазкур Мирзо Исмоилзода – директори муассиса, Муродов Ҷурабек – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шарипов Ҷамолиддин – намояндаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кормандони муассиса иштирок намуданд.
Дар навбати худ, директори муассиса Исмоилзода Мирзо қайд карданд, ки баробари истиқлол Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Дар фарҷом як қатор кормандони муассиса – фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ қарда шуданд.