Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани сертификатҳо барои иштирокчиёни курсҳои “Ассосҳои моликияти зеҳнӣ” доир карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи иҷрои банди 5.5 Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, № 210 тасдиқ гардидааст, санаи 4-15 ноябр соли чорӣ курси кӯтоҳмуддати омӯзишии «Асосҳои моликияти зеҳнї» барои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажуҳишгоҳҳои кишвар гузаронида шуд.

Аз ҳамаи бойигариҳои фаровони моддӣ ва табиие, ки Ватани мо дорад, сарвати муҳимтарин ва бебаҳотарин-иқтидори ақлии ҷомеаи мост!