Санаи 19-уми марти соли равон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» – и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ва чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки роҳбарияти муассиса ва кормандон баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, кулли кормандонро ба муносибати куҳантарин ва бузургтарин ҷашни миллиамон – Наврȳз, ҷашни баҳор ва эҳёи табиат самимона табрик намуданд.
Қайд намуданд, ки Наврȳз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун мероси пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст. Аз сарчашмаҳои муътамад бармеояд, ки ҷашни Наврȳз дар заминаи андешаҳои амиқу пурвусъат ва ҷаҳонбиние бунёд шудааст, ки сабаби пойдории ҳувияту ҳастии мардуми мо, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои миллиамон то ба имрȳз гардидаанд.
Сипас, тибқи барнома, дар саҳни бинои муассиса бо иштироки васеи кормандони муассиса тибқи анъана чорабиниҳои гуногуни милливу варзишӣ, аз қабили суманакпазӣ, бандкашӣ, рақси миллӣ, шеъру таронаҳо дар васфи Наврӯз ва ғайраҳо доир карда шуданд.
Дар фарҷом, ғолибон ва ҷоизадорони чорабиниҳои варзишӣ бо ифтихорнамаҳо қадрдонӣ карда шуданд.


















