Муассисаи далатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ ва пешбурди фаъолияти ихтироъкорӣ дар минтақа дар байни занҳои ихтироъкор, Форуми байналмилалии Тоҷикистон “Занҳои ихтироъкор – 2025” баргузор менамояд.
Форум санаи 29 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dushanbe” баргузор мегардад.
Шарикони форум:
– Ташкилоти патентии Авруосиё;
– Лигаи Авруосиёии занҳои ихтироъкор ва соҳибкорони технологӣ;
– Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Форуми мазкур барои ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти ихтироъкорӣ дар байни занони Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаи Авруосиё равона гардидааст. Дар форум мазкур занҳои ихтироъкор, намояндагони давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои минтақавӣ, инчунин вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.
Дар форум пешбинӣ шудааст:
- Намоишгоҳи ихтироот ва бахшҳои мавзӯӣ: дар доираи форум намоишгоҳи ихтироот ва инчунин силсилаи бахшҳои мавзӯӣ бахшида ба нақши занон дар рушди инноватсия баргузор мегардад.
- Мубодилаи таҷриба: форум як платформаи олӣ барои табодули дониш ва ақидаҳо байни занони ихтироъкор аз минтақаи Авруосиё мешавад.
- Ҳамкорӣ: иштирок дар форум имкони ба роҳ мондани робитаҳои нав ва муайян кардани дурнамои ҳамкорӣ, инчунин тиҷоратикунонӣ фароҳам меорад.











