Санаи 24 апрели соли 2025, бахшида ба Рȳзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки ҳамасола санаи 26 апрел дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, VII Конфронси байналмилалии Роспатент ЭРА IP «Моликияти зеҳнӣ – заминаи иқтисоди инноватсионӣ», дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони воломақоми давлатҳои Россия, Беларус, Иттиҳоди Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Исмоилзода Мирзо тариқи маҷози иштирок намуда, дар бораи “Ҳамгироии (интеграция) моликияти зеҳнӣ ба инноватсия дар Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.













